Филармонияи давлатии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев — яке аз муассисаҳои консертии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи консертӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар асоси Қарори ШКХ ҶШС Тоҷикистон моҳи декабри соли 1936 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон бисёр ҳунармандон аз Театри мусиқии тоҷик, коллективҳои касбию ҳаваскорон, инчунин ҳофизони машҳури халқии ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. Беҳтарин ҳофизону навозандагон, аз ҷумла навозанда М.Мавлонов, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев, С.Тӯхтаев ва дигарон дар ташаккул ва таҷаддуди анъанаҳои мусиқии классикию халқӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд. Сарварии ҳофизони кӯҳистониро Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Шариф Ҷӯраев ба уҳда дошт, ки ба ин даста Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Пирӣ Садир, С. Бобиев, Б. Шарифов, Х. Шаболова, Г. Ҳасанова, А. Ёров ва дигарон дохил мешуданд. Дар ҳайати Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ансамбли тарона ва рақс, оркестри миллии созҳои халқиро ташкил намуда, роҳбари бадеии он Ленский А. С. ва ансамбли рубобчизанон (роҳбар Шариф Бобокалонов), дертар Ансамбли суруд ва рақси «Помир» таъсис ёфт. Солҳои минбаъда дар ин даргоҳи санъати тоҷик — Ҷӯрабек Муродов, Малика Қаландарова, Нигина Рауфова, Зафар Нозим, Шоиста Муллоҷонова, Мастона Эргашева, Тоҷиддин Муҳиддинов, Самариддин Саъдиев, Мирбобо Зиёев, Абдулло Назриев, Зӯҳро Каримова, Ҳошим Назаров, Муродбек Насриддинов, Хосият Отиқова, Афзалшо Шодиев, Ҳаётой Муъминова ва дигарон ҳунарнамои кардаанд.

Сафарҳои ҳунарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар Даҳаи санъати тоҷик дар шаҳри Москва (1941) Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1957), Рӯзҳои маданияту санъати тоҷик дар Москва (1967), инчунин бисёр даҳаю ҳафтаҳо ва рӯзҳои адабиёту санъати тоҷик дар ҷумҳуриҳои ИҶШС иштирок намудааст. Ансамбли фолклории «Ганҷина» соли 1986 бо Қарори Вазорати фарҳанг ҶШС Тоҷикистон таъсис шуда, роҳбараш Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов буд, алҳол ба пуррагӣ фаъолият дошта санъати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён тарғиб намуда истодааст. Дастаҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар бисьёр кишварҳои хориҷӣ — Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Канада, ИМА, Япония, Австрия, Ироқ, Булғория, Германия, Чехославакия, Муғулистон, Ветнам сафарҳои ҳунарӣ карданд.

Дастаҳои ҳунарии консертӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Имрӯзҳо сарварии ин боргоҳи ҳунарро ҳофизи мумтоз ва мақбули ҳамагон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев ба зимма дорад. Ӯ пайваста барои баланд гардидани сатҳи касбии ҳунармандони ин кохи ҳунар мекӯшад ва ният дорад, ки дар оянда онҳо тарғибгари фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, дар дигар мамолики ҷаҳон низ бошанд. Айни замон дар ФДТ ба номи А. Ҷӯраев дастаҳои ҳунарии зерин фаъолият доранд:

  1. Ансамбли тарона ва рақс — роҳбар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдумаҷид Бердиев.
  2. Ансамбли бонувони рубобӣ «Чаман» — роҳбар Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳаётой Мӯминова.
  3. Ансамбли «Шашмақом» — роҳбар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов.
  4. Оркестри созҳои миллӣ — сардирижёр Давлат Қурбон.
  5. «Ансамбли фолклорӣ- этнографии Ганҷина» — роҳбар Файзигул Юсуфова.
  6. Хори камеравӣ — роҳбар Елена Тиллоева.
  7. Ансамбли «Меҳтариён» — роҳбар Расул Юсуфов.
  8. Ансамбли камеравӣ — роҳбар композитор Шариф Бедаков.[1]

Ҳунарпешагон[вироиш | вироиши манбаъ]

6 н. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

12 н. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 3 н. Арбоби ҳунари Тоҷикистон

1 н. дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2

5 н, Дорандаи медали «Хидмати шоиста»

3 н. Дорандаи «Ифтихорнома»-и Президенти ҶТ

Боз нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Роҳнамо (маълумотнома). Маълумотномаи омории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2010