Jump to content

Мастура Авезова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Би Мастури (Мастура) Авезова
Раиси Комитети иҷроияи вилояти Ленинобод
1938 — 1939
Раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд
аз 1939

Таваллуд 1905
Даргузашт 24 март 1978(1978-03-24)
деҳаи Унҷӣ, уезди Хуҷанд
Ҳизб
Ҷоизаҳо
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»

Авезова Мастура (Би Мастури Авезова; 1905, деҳаи Унҷӣ, уезди Хуҷанд24 марти 1978, ҳамон ҷо) — ходими давлатӣ, яке аз аввалин занҳои муборизи роҳи навини зиндагӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Авезова Мастура соли (1905 дар деҳаи Унҷии уезди Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Авезова аз зумраи нахустзанҳоест, ки фаранҷиро партофта, дар кори ҷамъиятиву ис­теҳсолии ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон фаъолона иштирок кардааст.

Фаъолияти касбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Хуҷанд (1929) фаъолияти кориашро дар фабрикаи шоҳибофии Фарғона оғоз кард. Аз соли 1930 дар Комбинати шоҳибофии Хуҷанд кор кардааст. Минбаъд аввали раиси Комитети иҷроияи вилояти Ленинобод (1936) ва баъдтар раиси Комиҷроияи шаҳри Хуҷанд буд.

Аз соли 1960 нафақагир. Авезова узви КМ ПК Тоҷикистон, чандин даъват вакили Совети Олии Иттифоқи Советӣ ва ҶШС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҷоизаву медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи II), 5 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.