Масъудии Марвазӣ
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Масъудии Марвазӣ (форсӣ: مسعودی مروزی; қарни IX — қарни X) — шоири достонсаро ва қасидасарои аҳли Мовароуннаҳру Хуросон, нахустин гӯяндаи «Шоҳнома»-и манзум.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Масъудии Марвазӣ яке аз шоирони охири қарни саввум ва авали қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аст, ки иттилооти ночизе аз ӯ дар даст дорем. Масъудии Марвазӣ дар охири асри IX ва аввали асри Х зиндагӣ карда, аввалин гӯяндаи «Шоҳнома»-и манзум буд ва таълифи онро андаке пештар ё баъдтар аз ҳудуди соли 300 ҳиҷрӣ (912—913 милодӣ) анҷом додааст. Аз «Шоҳнома»-и Масъудии Марвазӣ як пораи чаҳормисраӣ ва як байти алоҳида боқӣ мондааст. Пораи чаҳормисраӣ марбут ба подшоҳии Каюмарс ва байт мутааллиқ ба давраи Сосониён мебошад.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,
Гирифташ ба гетӣ - дарун пешгоҳе.
Чу сӣ соле ба гетӣ подшо буд,
Ки фармонаш ба ҳар ҷое раво буд.
Сипаррӣ шуд замони хусравоно,
Ки номи хеш ронданд дар ҷаҳоно.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таърихи адабиёт дар Эрон. Забебуллоҳ Сафо. ҷ. 1; с. 369—371
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. — Сталинобод, 1958:
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. — Душанбе: Адиб, 2007;