Jump to content

Масҷиди Сариҳисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сутуни кандакоришуда

Масҷиди Сариҳисор — ёдгории меъморӣ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аст.

Сақфи масҷид ба ду кодок ҷудо шудааст, ки ин усули пӯшиш хоси ҳунари устоҳои маҳаллист. Сутун, сарсутуни муқарнас ва пойсутуни кандакорӣ дорад. Рӯйи қисми «кӯзагӣ»-и он варақаҳои баргшакли мадохилкандаанд. Танаи сутун ҳаштқирраи маҳрутист. Тоқҳои деворҳо дусинҷа оро ёфтаанд. Девори шимолӣ 7 тоқи пур аз ороиш ва ҳамчунин девори шарқӣ низ 3 тоқ дорад. Лаболаби сақфи айвон ба шакли кайвон аст. Айвон ҳам меҳроб дорад. Аз ду паҳлӯи меҳроб чортоӣ тоқи ороишӣ гузоштаанд. Рӯйи нижвони айвон ва кайвони он бо нақшу нигори нимдоира оро ёфтааст. Рӯйи нижвон наълинҳои кандакорӣ намоёнанд, онҳо чун интиҳои болорҳои сақф вонамуд мешаванд. Аз болои нижвон нақши «занҷира» мегузарад. Чунин усули намои айвондор хоси иморатсозии Чоркӯҳ буда, дар тамоми биноҳои синҷӣ фаровон истифода шудааст. Ду сутуни дохили айвон кандакорист ва сутуни муқарнас дошта, ситорашакл аст. Сутунҳоро бар тахтасангҳо гузоштаанд. Масҷид аз рӯйи бандубаст ва баъзе ҷузъиёти сохти сақфаш диққатангез аст. Ҳавлии масҷид чашма ва ҳавзе дорад.