Матлуба Ганҷакова
Зоҳир
Матлуба Ганҷакова | |
Таърихи таваллуд | 18 апрел 1978 (46 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ишкошим |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Матлуба Ганҷакова (18.04.1978, д. Зугванд, н. Ишкошим) — муаррих, номзади илмҳои таърих.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1995 мактаби миёнаи № 5 н. Ишкошимро хатм намудааст. Солҳои 2003-2008 донишҷӯи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Солҳои 2009-2012 аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷик буд. Дар мавзуи адабиёти ёддошти чун маъхаз дар таърихи омӯзиши ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон кори илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додааст. Аз соли 2021 мудири кафедраи умумидонишгоҳии таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмию методӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҳдат пояи миллат аст. // Ҳамрози ҷавонон №2 (50). Д., 2010;
- Бозсозӣ ва шикасти он. // Маърифати омӯзгор. Д., 2010;
- Инъикоси вазъияти сиёсии аморати Бухоро дар осори Аҳмади Дониш. Маводи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Аҳмади Дониш дар саргаҳи гузариш аз донишҳои таърих ба илм». Д.: ДДОТ, 2018. С. 90-95.
- Заключительний этап мирного урегулирование в мемуарной литературе. Вестник Таджикский государственный педагогический университет. серия общественних и гуманитарних наук. Д., 2018. № 4 (76). - С. 228-231;
- Саҳми СММ дар муътадилсозии авзои сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вестник Таджикский государственный педагогический университет. Серия общественних и гуманитарних наук. Д., 2019. № 1 (78). -С. 142-145;
- Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар таҳкими сулҳ ва давлатдории миллӣ. Вестник Таджикский государственный педагогический университет. серия общественних и гуманитарних наук. Д., 2019. № 1 (78). - С. 183-186.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 апрел
- Зодагони соли 1978
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ишкошим
- Номзадҳои илм
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Номзадҳои улуми таърих
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ