Махсуд Боқиев
Боқиев Махсуд Иноятуллоевич (зод. 20.10. 1954, Хуҷанд) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2000), профессор (2002), академики Академияи байналмилалии антропологияи интегративӣ (2002) ва Академияи омӯзгории Федератсияи Русия (2003).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёвари муовини аввали раиси Комиҷроияи вилояти Ленинобод (1978-89), дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ДДОЛ; 1989-92), мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва Маркази илмии АИ Тоҷикистон (1992-97), ноиби директори филиали Донишгоҳи муосири Маскав дар шаҳри Хуҷанд (1998—2001), директори филиали Донишгоҳи нави Руссия дар Тоҷикистон (2001-09), директори донишгоҳи мазкур дар Қирғизистон (аз 2009 то ҳоло). Асосан ба таҳқиқи масоили ҷунбишҳои маорифпарварӣ ва озодандешии мардуми Осиёи Марказӣ ва равшанфикрони Хуҷанд дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 машғул буда, бештар аз 50 асару мақола ба табъ расондааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Общественно-политическая мысль и идейная борьба в Туркестане в конце 19-нач 20 в. Д., 1992;
- История и художественный образ. Х., 1997;
- Из истории вольнодумия народов центральной Азии. Х., 2003;
- Фитрат — таджикский просветитель. Х., 2005.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиев Махсуд Иноятуллоевич / М. Ғозиева // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.