Маъмури берунӣ
Зоҳир
Маъмури берунӣ - ашхоси аз ҷониби суди иқтисодӣ барои ба амал баровардани идоракунии берунӣ ва дигар ваколатҳои тибқи қонун пешбинигашта таъйиншуда. Ҳуқуқи пешбарии номзад ба вазифаи маъмури беруниро маҷлиси қарзхоҳон, мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор, қарздор ё молики амволи корхонаи яклухт доро мебошанд. Аз лаҳзаи таъйини маъмури берунӣ, роҳбари ташкилоти қарздор аз вазифа сабукдӯш карда шуда, идоракунии ташкилот бар уҳдаи маъмури берунӣ вогузор мешавад. Ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарздор ва молики амволи корхонаи яклухти қарздорбуда бошанд, ба маъмури берунй таҳвил мешаванд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 287
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |