Jump to content

Маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Калимаҳо дар нутқ на танҳо ба маънои аслии худ, балки ба маънои маҷозӣ низ истеъмол мешаванд. Агар калима ба маъно ва мафҳуми аслии худ кор фармуда шуда бошад, онро маънои аслӣ меноманд. Дар нутқ ҳолатҳое дида мешавад, ки калимаҳо дар сурати маънои аслиро ифода кардан, маъноҳои дигарро низ ифода мекунанд. Ғайри маънои аслии худ омадани калимаҳо маҷоз ном дорад.Масалан,

« Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-эй нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ.
»

Таркиби «нури чашм» дар байти мазкур ба маънои равшании чашм не, балки ба маънои фарзанд истеъмол шудааст.

Зеҳнӣ Т.Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ.-Душанбе:Нашрдавтоҷ,1960.- с.40