Jump to content

Писар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Писарбачаи тоҷик

Писар — бачаи ҷинсаш мардона, муқобили духтар аз рӯи ҷинси биологӣ дар синни то 13-15 сола (то аввали балоғатрасӣ). Аз рӯи ҷинс ва хусусиятҳои биологӣ писарро аз духтар ва мардро аз зан фарқ мекунанд. Асосан писар аз духтар боқувваттар аст. Устухон ва скелети писар нисбат ба духтар мустаҳкамтар мебошад. Писар ба ҳисоби миёна бо вазни 2700 г таваллуд мешавад. Духтар ба ҳисоби миёна 2500 г таваллуд мешавад. Фарқи вазни навзодон ба ҳисоби миёна 200 г мебошад. Аз ин ба осонӣ хулоса баровардан мумкин аст, ки писар аз духтар боқувваттар мебошад. Қади писар ба ҳисоби миёна дар 7 солагӣ ба 116-120 см, дар 10 солагӣ ба 135-140 см ва дар 14 солагӣ ба 155-160 см баробар мешавад. Дар синни 18 солагӣ қади писарҳо ба ҳисоби миёна ба 170-175 см баробар мешавад. Ҳам духтар ва ҳам писар то 21-23 солагӣ қад меёзонад. Баъд аз ин дар синни 40-50 солагӣ қад пасттар мешавад. Вазни писарон ҳархел аст. Вазни писар ба синну сол дахл надорад. Танҳо аз саломатӣ ва аз аҷдодон вобаста аст. Писар (мард) метавонад, то 177-180 см (ба ҳисоби миёна) қад ёзонад.

Лингвистика

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар забони тоҷикӣ, ҳангоми ҷумлабандӣ, ба ҷои калимаи «писар», калимаи «бача»-ро низ истифода мебаранд. Калимаи «бача» - ро аз даври пеш дар Эронзамин истифода мебурданд. Мисол:

  • Писарам, ба ман як пиёла чой биёр.
  • Бачам, ба ман як пиёла чой биёр.

Истифодабарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар забони тоҷикӣ калимаи писар (ё худ бача) хеле зиёд истифода бурда мешавад. Асосан падар ва модар кӯдакашонро - писарам мегӯянд. Вале ба ғайр аз волидайн, бобову бибӣ - набераашонро, холаву амма - ҷиянашонро низ писарам мегӯянд. Ба ғайр аз хешу табор, одамони солхӯрда низ ҳангоми насиҳаткунӣ ва ҳангоми баёни хоҳиши худ, боз ҳангоми миннатдорӣ писарам мегӯянд. Масалан:

  • Писарам, маро аз роҳ гузарон.
  • Писарам, ба ман ёрӣ бидеҳ.
  • Писарам, ба ин корҳо даст назан.
  • Писарҷон, ин корҳоят хуб нестанд.
  • Офарин писарам, Худованд умратро дароз кунад.
  • Қандата зан, писарам!

Дар забони тоҷикӣ калимаи писар хеле зиёд истифода бурда мешавад.

Масалан дар шеър:

ИДИ НАВРӮЗ

Иди Наврӯз аввали сол аст,
Рӯзи айшу нишоти атфол аст.
Ҳама он рӯз рахти нав пӯшанд,
Чою шарбат ба хушдилӣ нӯшанд.
Писари хуб рӯзи ид андар
Равад аввал ба хидмати модар.
Даст дар гарданаш кунад чун тавқ,
Сару дасташ бибӯсид аз сари шавқ.
Гӯянд: «Ин иди нав муборак бод,
Сад чунин Соли Нав бубинӣ шод!».
Баъд ояд ба дастбӯси падар,
Бӯса бахшад падар аз рӯи писар.
Писари бад чу рӯзи ид шавад,
Мавқеи диду боздид шавад
На падар дӯст дорадаш на аму,
На касе идӣ оварад бари ӯ.
Идӣ он рӯз ҳаққи он писар аст,
Ки наҷибу шарифу боҳунар аст.[1]

Ба ин ҷо ҳам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]