Jump to content

Маъсума Ҳасанова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маъсума Ҳасанова
Таърихи таваллуд 6 март 1929(1929-03-06)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1991(1991)
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999)

Маъсума Ҳасанова (6 марти 1929, шаҳри Бухоро — 1991)  — риёзидон, доктори илми физикаю математика, (1994), профессор (1996), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултаи физикаю математикаи Университети давлатии Самарқандро соли 1950 хатм карда, дар Институти давлатии педагогии шаҳри Қаршӣ аз математика дарс додааст. Аз соли 1955 дар факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба фаъолият пардохта, қариб ним аср дар тарбияи насли наврас саҳм гузоштааст. Вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи механика (1955—1966), мудири ҳамин кафедра (1967—1978), дотсент ва профессори кафедраи математикаро (1979—2005) иҷро намудааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оид ба муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқи онҳо бо механикаи осмонӣ, истифодаи нури офтоб дар истеҳсолот қариб ҳаштод таълифот ба хидмат овардааст. Саҳмаш дар тарбияи мутахассисони соҳаи риёзиёт калон аст.

  • Дастури методӣ аз механикаи назариявӣ. — Д., 1977 (ҳаммуаллиф);
  • Качественные методы в динамике спутников: Дисс… доктора физ-матем. наук. — М., 1994[2]
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999)
  • Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Барои меҳнати шоён» қадр шудааст.
  1. Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2015) — Душанбе: Бухоро, 2014.- 280 с.(пайванди дастнорас)
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — 728 с.