Jump to content

Мақбараи Оқостона Бобо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақбараи Оқостона Бобо - дар ноҳияи Саросиёи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон воқеъ аст. Дар охири асри X ва аввали асри XI бунёд шудааст. Дар миёнаи гӯристони қадима ҷойгир аст. Сокинони маҳаллӣ мақбараро қадамҷойи ҳамсафи паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) Абуҳурайра меҳисобанд. Дар асри XV ба тарҳи мақбара баъзе тағйирот ворид кардаанд. Дар охири асри XIX устои маҳаллӣ Худойбердӣ аз ш.Юрчӣ (вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) гумбаз ва даромадгоҳи Мақбараро тармим кардааст. Олимони бостоншинос Б.А.Литвинский, Б.А.Пугаченкова, З.А.Ҳакимов ва И.Ф.Бородина с-ҳои 1952, 1953, 1959, 1969 ва 1977 мақбараро дида таҳқиқ кардаанд. Мақбара ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофнзати давлат аст. [1]

Аршавская З.А., Ретевеладзе Э.В., Ҳакимов З.А. Средневековые памятники Сурхандарьи. - Ташкент,1982.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 349