Вилояти Сурхондарё
ӯзбекӣ: Surxondaryo viloyati | |
Кишвар | [[|]] |
Маркази маъмурӣ | Тирмиз |
Роҳбар | Q106584062? |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 6 март 1941 |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 535 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | UZ-SU |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Сурхондарё яке аз вилоятҳои тоҷикнишин(тоҷикон зиёда аз 23%) дар ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дар ҷануби он воқеъ гардидааст. Шаҳри Термиз, ки бисёри мардумаш тоҷик (38%) мебошад, маркази маъмурии ин вилоят аст.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлимаш ба минтақаи субтропикӣ рост меояд. Ҳудуди вилоятро хатти арзи шимолии 37°10' — 39°02' ва дарозии шарқии 66°32'- 68°25' бурида мегузарад. Аҳолиаш 1 милёну 806 ҳазору 700 нафар.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилоят дар таърихи 6 марти соли 1941 ташкил карда шудааст.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилоят бо ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарьё ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 20 100 километри мураббаъ. Ба шаҳрҳои бузурги дигар Бойсун, Сариосиё, Шарғун, Шеробод, Шӯрчи, Кумқӯрғон ва Жарқӯрғон медароянд.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]аҳолиаш аз рӯи маълумоти соли 2005, 1 милёну 925 ҳазору 100 нафарро ташкил мекунад. Истиқоматкунандагони ин вилоят асосан мардуми тоҷик ва ӯзбеканд. Аҳолии пойтахти вилоят, шаҳри Термиз 122 ҳазору 900 нафарро ташкил мекунад ва буругтарин шаҳри вилоят шаҳри Деҳнав (Ӯзбекистон) буда 69 ҳазору 500 нафар иқоматкунанда дорад.
Тақсимоти маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вилоят маъмуран ба 14 ноҳия, 8 шаҳр, 7 шаҳрак ва 114 деҳа тақсим шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]