Jump to content

Мақбараи Холбойқаро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақбараи Холбойқаро - ёдгории меъмории асри XVII-XIX аст ва дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ноҳияи Ваҳдат). ҷойгир шудааст. Мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад.

Мақбараи Холбойқаро толори мураббаъ дорад, ки аз ҳисоби чор тоқ васеъ гардидааст. Пештоқи бузургу томи Мақбараи Холбойқаро аз ду тараф гулдастаҳо дорад. Қисмати болои манораҳо хароб гардида бошад ҳам, аз пештоқ баландтаранд. Дар болои даромадгоҳ тобадонест, ки ҳоло хишткорӣ шудааст. Тамоми намоҳои мақбара андова шудаанд. Тарзҳои гуногуни хиштчинӣ санъати меъмории асрҳои XI-XII- ро ба хотир меоварад ва ба мақбара ҳусн мебахшад. Тариқи «амудӣ», «ҷуфт» ва «пастобаланд» чидани хишт дар сохтмони манораҳо назаррасанд. Гунбаз ба шарафаҳои бодбонӣ такя мекунад, ки чунин услуб аз асри XV дар меъмории Осиёи Миёна истифода мешавад. Дохили толори мақбара низ андова гардидааст. Ба асоси деворҳои дохил ғӯлачӯб гузошта шудаанд, ки бо ҳамдигар тавассути каждумакҳо васл шудаанд ва ин шакл аз садаи XVI маъмул аст. Пештоқи хурд даромадгоҳ дорад, ки паси он зинаи морпече боло мебарад ва ба раҳраве мерасонад. Роҳрав аз тоқчаи болои пештоқи хурд равшан мегардад. Мақбара барои таҳқиқи санъати меъмории феодализми давраи охир муҳим аст. Мақбараи Холбойқаро Мадраса ҳамчун ёдгории меъморӣ дар муҳофнзати давлат аст.[1]

Мукимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. - Душанбе, 2014.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 350