Мақбараи Хоҷаи Ҳотам
Зоҳир
(Тағйири масир аз Мақбараи Хоҷа Ҳотами Асам)
Мақбараи Хоҷаи Ҳотам — ёдгории меъмории асри XVI Абдурраҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ (асри IX), ки бо тахаллуси Асам машҳур аст, донишманд ва фақеҳи машҳури дини ислом.
Мақбара дар канори мавзеи Қалъаи Сангин, дар масоҳати 1,5 км аз деҳаи Дарагиёни ноҳияи Файзобод воқеъ гардидааст. Дар асри XVI аз хишти пухта бунёд гардидааст. Аз ду ҳуҷра иборат аст. Яктояш қариб пурра вайрон шудаю аз дигараш танҳо девори харобгардида боқӣ монда буд. Дар охири асри XX мақбара пурра таъмиру тармим гардид[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 350
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муқимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. — Душанбе, 2014.