Jump to content

Мақбараи Шоҳи Хомӯш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

МАҚБАРАИ ШОҲИ ХОМӮШ - ёдгории таърихии асрҳои XIII – XIV дар деҳаи Лангари Калони ноҳияи Муъминобод. Шакли росткунҷа дошта (андозааш 12х8м), аз хишти пухтаи 25х25х4,5см сохта шудааст. Намои асосӣ, ки як даромадгоҳ дорад, рӯ ба шарқ нигаронида шуда, бо пештоқ оро ёфтааст. Пештоқ қисми зиёди наморо фаро гирифта, ду тарафи даромадгоҳи намо барҷастагии дарозрӯя дорад. Бар фарози пештоқ аз хишти хом деворе сохта шудааст, ки дорои се даричаи пайконшакл мебошад. Қуббаи равоқтоқҳои наморо шохҳои норкум зинат медиҳанд. Мақбара аз зиёратхона ва гӯрхона иборат аст. Зиёратхона ҳаҷман хурд (3х4) буда, гунбаз ва равоқҳои балхӣ дорад. Шакли мураббаи гӯрхона аз ҳисоби чаҳор тоқ васеъ гардидааст. Яке аз тоқҳо, ки дар атрофии шарқ воҷеъ гаштааст, гӯрхонаро бо зиёратхона мепайвандад. Ду тоқи пайконшакли дигар бо панҷараи ситорадор оро дода шудааст. Гунбази гӯрхона бар устувонаиҳашттарк такя мекунад. Мақбара намунаи мактаби меъмории маҳаллист. Мақбараро соли 1982 Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои тахрихии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи таъмири онро тарҳрезӣ кард (меъморон Ҳ. Зиёев ва А. Тошев). Дар натиҷаи омӯзиш маълум шуд, ки дар зери гӯрхона сағона воқеъ гаштааст. Баландии сағона2м буда, он пӯшиши балхӣ дорад. Дар сағона се тан дар тобутҳои хиштини рӯкушод хобидаанд. Деворҳои гӯрхона аз деворҳои сағона дуртар сохта шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёти атрофии деворҳо мақбара маълум гардид, ки он дар асрҳои 13 –14 сохта шудааст.