Мақбараи сулолавии Сомониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Мақбараи сулолавии Сомониён, ёдгории меъмории асрҳои IX – X дар Бухоро. Мақбараи сулолавии Сомониён (тақрибан солҳои 892 – 943) мавсум ба асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ бунёд шудааст. Ба навъи мақбараҳои «мутамарказ» тааллуқ дорад. Мақбара мураббаъшакл буда , бо гунбази мӯҳташаме пӯшонда шудааст, ки атрофии орнро чор гулдаста оро медиҳанд. Андозаи мақбара 10,80х10,70. Дар чор гӯшаи мақбара чор гурҷ устуворанд, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати мақбараро меафзоянд. Ҳар ҷойи намои мақбара даромадгоҳи алоҳида дошта, бо тоқи пайконшакл озинат ёфтаанд, ки аз рӯи банду баст ва ороиш аз ҳамдигар фарқе надоранд. Гирдогирди устувона равоқбандӣ буда, самти даруниашро равоқтоқҳо фаро гирифтаанд Чор равоқ дар дар барии девор ва чори дигар дар дар кунҷҳо ҷойгиранд. Дар ороиши бино аз нусхаҳои мухталифи кандакории чӯб, ки дар он замон маъмул буд, истифода бурдаанд. Дар сохтани девори мақбара (паҳниаш 1,8м) хиштҳоипухтаи махсус (андозааш 23х23х3см), чӯбҳои чортарош ва гачро кор фармудаанд. Усули хиштчинии «қалама» дар берун ва дохили бино нақшҳои аҷибе гузоштааст. Мақбара яке аз мақбараҳои нодири Осиёи Марказӣ ва комёбиҳои санъати меъмории асрҳои IX – X мебошад.

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.