Мақбараи Ҳазрати Шоҳ
Мақбараи Амир Ҳамза Ҳазрати Шоҳ (номгузориҳои маҳаллӣ — Ҳазрати Бобо, Лангарбобо, Амир Ҳамзаи Соҳибқирон) — ёдгории меъмории асрҳои XI—XII дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара. Ин мақбара аз беҳтарин намунаҳои кандакории Осиёи Миёна буда, ҷузъҳои алоҳидаи он бо нақшу нигор ва пардози сутунҳои Рарз, Фатмев, Оббурдан, Меҳроби Искодар, намояи чӯбии Мақбараи Қуссам ибни Аббос ва ғайра хеле наздиканд. Мақбара ҳафт сутун, ҳашт наълин, сақфи чорболора, синҷҳои катибадор ва панҷараҳои тахтабандишуда дорад. Дар мақбара се навъи сутун ба назар мерасанд: сутунҳо кӯзагӣ (ба шабеҳи кӯза кандакориву оро дода шудаанд), тахтасутун (сутуни чорлаб, чортеға, ки дар меъмории халқҳои Осиёи Миёна то асрҳои 19 — 20 ривоҷ дошт) ва аспаксутун (навъи сутунҳое, ки аслан барои нигоҳ доштани тахтабандӣ ва болори кумакӣ дар девор насб мекардаенд ва аз чор се қсми пешрӯяшон бо навъи нақшҳои ислимӣ оро ёфтаанд). Болорҳои чортарши сақфи мақбара дар ду рӯяшон бо хатти кӯфӣ навиштаҷот доранд. Ин навиштаҷоту навъи нақшунигор ниҳоят зебову нафис аст.[1]
Мақбараи Амир Ҳамза Ҳазрати Шоҳ ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе, 2012.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.