Jump to content

Мақомшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мақомшиносӣ - ҷузъи илми мусиқӣ (ё мусиқишиносӣ) буда, дар мусиқии тоҷик таърихи хеле қадим дорад.

Соли 1927 тадқиқоти Абдурауф Фитрат дар бораи мусиқии классикии таҳҷоӣ рӯи кор омад. Мутаассифона дар ин асар кулли мероси мусиқии классикии тоҷикро бидуни аснод ҳамчун мероси мардуми ӯзбек муаррифӣ шудааст. Аввалан, соли 1924 маҳз Фитрат чопи Шашмақомро бо матни тоҷикӣ манъ карда, онро дар Маскав бидуни матн руи коғаз оварда буд. Чунин шикастакориҳо нисбати макомоти тоҷик дар нимаи аввали карни XX дар илми мақомшиносӣ хомушиеро ба вуҷуд оварданд. Танҳо дар солҳои 70-ум бо тадқиқоти Исҳоқ Раҷабов оид ба мақомот (Ӯзбекистон) мақомшиносӣ дар заминаи нави илми шуравӣ вусъат ёфт. Мусиқишиносон Ф.Кароматов, О. Матёкубов, С. Галитская, Ю. Плахов, Р. Юнусов, А.Ҷумъаев, А. Назаров, дертар О. Иброҳимов ва дигарон дар Ӯзбекистон паҳлуҳои гуногуни мақомро аз назари таърихӣ, эстетикӣ, манбаъшиносӣ ва сирф назариявӣ тадқиқ мекарданд.

Дар Тоҷикистон низ аз мақолаи машҳури мутафаккир ва нависандаи бузурги тоҷик С. Айни "Назаре ба гузаштаи мусиқии тоҷик" ва сипас хусусан аз солҳои 70-ум муҳаққиқону мусиқишиносон Н. Нурҷонов, А. Афзаҳзод, А. Раҷабов, А. Низомов, А. Абдурашидов, Ф. Азизова, С. Худойбердиев, Н. Ҳакимов, Ф. Ӯлмасов дар мавзӯъи мақомот, таърих, назария ва асосҳои илмиву амалии он китобу мақолаҳо навиштаанд.

Дар ибтидои қарни XXI ба илми мақомшиносии тоҷик ганҷинаи нави илмие иборат аз рисола ва як қатор мақолаҳои илмӣ роҷеъ ба Шашмақом ворид гашт, ки он ҳанӯз солҳои 50-60-уми қарни XX аз тарафи танбӯрии нодири замон Фазлиддин Шаҳобов навишта шуда бошад ҳам, то ин имруз мутаассифона, танҳо дар шакли дастхатҳои бойгонии шахсӣ қарор дошт. Баъди аз чоп расидани "Баёзи Шашмақом"-и Фазлиддин Шаҳобов равшан шуд, ки он яке аз нодиртарин сарчашма оид ба Шашмақом аст. Ин рисола ягона сарчашмаест, ки равияи анъанаҳои илмӣ-амалии мактаби классикии Шашмақомро дарбар гирифтааст. Диди илмии Ф. Шаҳобов ба мақомшиносии қарни XX ислоҳоту саҳеҳияти хеле дақиқу муфассалро дар масоили истилоҳоти Шашмақом, хусусияти шаклсозӣ, асоси лаҳниву зарбӣ, силсилабандӣ, умуман асоси илмии Шашмақом ворид гардонид. Маҳз рисолаи мусиқии Ф. Шаҳобов баъзе ақидаву хулосаҳои нодурусти мақомшиносии муосирро, ки мутаассифона ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон ҷой доштанд, ислоҳ менамояд.[1]

  • Ф. Шаҳобов. "Баёзи Шашмақом". Рисолаи мусиқӣ. – Душанбе, 2007. – 288с.,
  • Шиҳоби мусиқӣ. – Душанбе, 2006. – 264с.,
  • Ф. Азизова. Шашмаком и рага. – Душанбе, 1999. – 166с.,
  • А. Низомов. Таърих ва назарияи Шашмақом. – Душанбе, 2003. – 331с.,
  • И. Раҷабов. Мақомлар-масаласига доир. – Тошкент, 1963. – 402с.,
  • О. Матёкубов. Мақомот. Тошкент. – 2004. – 400с.,
  • Н. Хакимов. Шашмаком дар карни XX. – Хуҷанд, 2007.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шашмақом

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 138 ISBN 978-99947-49-13-3