Маҳмаддовуд Саломов
Таърихи таваллуд | 12 феврал 1967 (57 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | , ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Маҳмаддовуд Қаюмович Саломов — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмаддовуд Саломов Хатмкардаи ДМТ (1992), аспирантураи он (1994). Аз соли 1995 омӯзгори ҳамин донишгоҳ. Аз соли 1995 то соли 2000 ассистенти кафедраи таърихи забон ва типология. Аз соли 2001 то инҷониб дотсенти ҳамин кафедра. Солҳои 1997-1999 муовини декани факултети филология оид ба тарбия, солҳои 2000-2004 муовини декани факултети филология оид ба таълим, солҳои 2004-2008 мудири кафедраи таърихи забон ва типология. Аз соли 2008 то инҷониб декани факултети филологияи ДМТ мебошад. Дар симпозиумҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Теҳрон (2011) ва Боку (2012) иштирок кардааст.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ифодаи маҷоз дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ.-Душанбе, 2001.-138 с. (монография); Машқи хатти арабиасоси тоҷикӣ.-Душанбе: Пойтахт, 2012.-35 с. (дастури таълимӣ); Орифаи дарёдил (Маҷмӯаи мақолаҳо).-Душанбе:Пойтахт, 2013.-136 с. (мураттиб).[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кафедраи таърихи забон ва типология Маҳмаддовуд Қаюмович Саломов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд.
- ↑ Кафедраи таърихи забон ва типология Маҳмаддовуд Қаюмович Саломов(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.