Маҳмад Раҳмонов
Маҳмад Рӯзиевич Раҳмонов (тав. соли 1924, ш. Бухоро – ваф. маълум нест), педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1945 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1945– 1949 муаллими забон ва адабиёти тоҷики Омӯзишгоҳи шаҳраки Навободи вилояти Ғарм, 1949–1961 мудири бахши методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Институти илмию тадқиқотии илмҳои педагогии ҶШС Тоҷикистон, 1961–2003 муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ, илмию методӣ буда, бо ҳаммуаллифӣ китоби дарсии «Педагогика школы»-ро бо забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп намудааст. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва «Барои муваффақиятҳои мактаби олии ИҶШС» қадр карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |