Маҳмуди Насафӣ
Таърихи даргузашт | 1540 |
---|---|
Пеша(ҳо) | хонанда, оҳангсоз |
Маҳмуди Насафӣ (?, Насаф — 1540, Самарқанд) — хонанда, навозанда ва оҳангсози форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Насаф ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии Маҳмуди Насафӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Насаф, Самарқанд, Ҳирот, Марв сурат гирифта, асосҳои шеъру мусиқиро назди Кавкабии Бухороӣ омӯхтааст. Маҳмуди Насафӣ бештар таҳти сарварии Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ асосҳои назарию амалии мусиқиро фаро мегирад. Ӯ муддате дар дарбори хонадони Темуриён (Султон Маҳмуд 1494—1500) хидмат карда, сипас тарки дарбор намуда, дар хидмати Султон Ҳусейн Бойқаро (1506—1507) ба сифати мутриб ифои вазифа карда, сипас ба Бухоро, Марв сафар намуда, охири умр дар ҳавзаи ҳунарии Самарқанд фаъолият кардааст. Ӯ чун ҳофиз, оҳангсоз дар шаклу анвои мусиқӣ («тарона», «савт», «амал», «қавл», «рехта») таснифоти рангин сохта, дар иҷрои «савт», «тарона», «рехта» сабки хоси иҷроӣ ворид намудааст.
Таснифоти мусиқии Маҳмуди Насафӣ «Нақши Маҳмудӣ», «Амали Насаф», «Таронаи Насафӣ», «Пешрави хубон» ва ғ. дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Ҳирот шӯҳрати зиёд касб кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 148. — ISBN 978-99947-49-13-3.