Маҳмудов Мансур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маҳмудов Мансур (тав. 1.01.1940, деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1971), дотсент (1990), узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия (2009).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1955–1960 дар шӯъбаи филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1960–1989 лаборанти калон ва ходими калони илмии шӯъбаи лаҳҷашиносии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1989–2000 дотсент, 2000– 2007 мудири кафедраи байнифакултетии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 2007–2009 раиси бахши Хадамоти давлатии назорати сифати таълими донишгоҳи мазкур буд. Аз соли 2009 то ба имрӯз дотсенти кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Оид ба шеваҳои мухталифи забони тоҷикӣ кори илмӣ бурдааст. Аз рӯи ин масъала дар экспидитсияҳои диалектологии маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карда, маводи фаровони луғавӣ, фонетикӣ, грамматикӣ, этнографӣ, фолклорӣ ва топонимӣ гирд овардааст. Дар муддати фаъолияти 50-солааш зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, воситаҳои таълимӣ, фарҳангҳои диалектологӣ ва очеркҳои илмию бадеӣ таълиф намудааст. Дар симпозиум ва конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Дар қатори корҳои илмию тадқиқотӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ солҳои зиёд аъзои Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви бахши забоншиносии Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд. Ӯ ҳамчунин узви ихтиёрии анҷумани тоҷикони ҷаҳон, ҳаммеҳанон ва ҳамзабонони бурунмарзист.

Мукофот[вироиш]

Барои хизматҳояш бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (2002), «Ҷоизаи Мавлавӣ»-и Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ (1999), нишони сарисангии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) ва якчанд медалҳову ифтихорномаҳо сарфароз карда шудааст.

Осор[вироиш]

Лаҳҷаҳои тоҷикони райони Китоб, Д., 1978; Дастурамали ҷамъоварии луғати шеваҳои забони тоҷикӣ, Д., 1982; Луғати шеваи ҷанубӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1971; Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997; Луғати шеваҳои забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Ҷ. 1, Д., 1997; Ғаввоси баҳри илм, Д., 2000; Дӯстони меҳрубон (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2009; Феҳристи адабиёти шевашиносӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010; Олимони донишгоҳ, Д., 2001; Нигоҳе ба лаҳҷаи Бухоро // Гули мурод. Фаслномаи илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, Д., 1997, №7-9 (3); Гӯйиши эрониёни Бухоро // Номаи пажӯҳишгоҳ, Д., 2002, №2.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]