Маҳмудхон Боқиев
Боқиев Маҳмудхон Иноятуллоевич (зод. 23.4.1951, Ленинобод) — забоншинос, доктори илмҳои педагогӣ (1992), профессор (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1973). Солҳои 1973-74 муаллими мактаби миёна, 1974-80 ассистенти кафедраи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод, 1983-95 дотсент, мудири кафедра, ходими калони илмии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, 1995-98 ходими пешбари илмии Институти таҳқиқоти илмии проблемавии Федератсияи Русия буд. Солҳои 1998—2006 ректори Донишгоҳи муосири гуманитарии Русия-Тоҷикистон буд.
Пажӯҳиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмудхон Боқиев нахустин олимест, ки дар Тоҷикистон дар Донишгохи муосири гуманитарии Русия-Тоҷикистон таълими фосилавиро ҷорӣ кардааст. Муаллифи қариб 100 асару мақолаи илмӣ, илмию методӣ, дастурҳо оид ба омӯзиши забони русӣ дар алоқамандӣ бо забони тоҷикӣ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), барандаи ҷоизаи байналхалқии ба номи Суқрот (2007). Бо ордени Нишони Фахрии Федератсияи Русия (2001) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Методика обучения выразительному чтению студентов национальной группы педвузов Таджикистана. М., 1983;
- Изучение русской литературы во взаимосвязы с родной. М., 1991;
- Проблемы гуманизации литературного образования таджикских вузов. М., 1993;
- Проблемы этнокультурологии в произведениях таджикских и русских писателей. М., 1998.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиев Маҳмудхон Иноятуллоевич // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.