Маҳмудхон Маликушшуаро
Таърихи таваллуд: | 1813 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1893 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис, шоир, рассом |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маҳмуд Маликушшуаро (форсӣ: محمود ملکالشعرا; 1813, Теҳрон — 1893) — шоир, хушнавис ва наққоши форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳмудхон Маликушшуаро фарзанди Муҳаммадҳусайнхон Маликушшуаро мутахаллис ба Андалеб ва наваи Фатҳалихони Сабои Кошонӣ буд ва дар Теҳрон мутаваллид шуд.
Маҳмудхон илмҳои адабиёт, риёзиёт, ҳикмат ва таърихро аз худ карда буд. Барои соҳиби фазлу камол гардидани ӯ амакаш Муҳаммад Қосимхон кумак расонд. Маҳмудхони Кошӣ дар дарбори Насируддиншоҳ хизмат карда, ҳамчун шоири барҷаста ба гирифтани унвони «Маликушшуаро» мушарраф шудааст. Дар хушнависӣ низ шуҳрат ёфта буд. Аз осори хаттотии ӯ як нусхаи «Гулшани роз» (1866) дар Китобхонаи миллии Теҳрон, як мураққае иборат аз 22 руқъа (1871— 73) ва як мураққаи дигар иборат аз руқъа дар Китобхонаи давлатии Теҳрон ва як қитъа (1866) дар музеи Табрез маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маҳмудхони Кошӣ / К. Махсумов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.