Маҳмуд ибни Зиёуддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмуд ибни Зиёуддин

Маҳмуд ибни Зиёуддин (? — қарни XVI) — луғатнавис ва шоири форс-тоҷик, муаллифи фарҳанги «Туҳфату-с-саодат»[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар миёнаҳои қарни XV дар Ҳиндустон зиндагӣ кардааст. Ашъораш аз ғазал, рубоӣ, қасида ва маснавӣ иборат буда, оҳанги ҳаҷву мутоиба доштааст. Вале Маҳмуд ибни Зиёуддин асосан бо фарҳанги «Туҳфату-с-саодат»-аш, ки соли 1510 мураттаб кардааст, бештар шуҳрат дорад. «Туҳфату-с-саодат» ба сифати яке аз фарҳангҳои қадими тафсирии форсӣ муҳим аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. فرهنگ تحفة السعادت (تأليف 916 ه/1510 م) | WorldCat.org(англ.). search.worldcat.org. 18 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]