Туҳфату-с-саодат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури Викидода мавҷуд нест

«Туҳфату-с-саодат» (форсӣ: تحفة السعادت‎) — фарҳанги тафсирии форси-тоҷикист, ки Маҳмуд ибни Шайх Зиёуддин Муҳаммад соли 1511 таълиф кардааст.

Дар муқаддима ба султон Сикандари Лудӣ (ҳукмронӣ 1489—1517) қасидае бахшида шудааст. Аз ин рӯ, баъзан бо номи «Туҳфату-с-саодат»-и Сикандарӣ низ ёд шудааст. Муаллиф дар таълифи асар аз 11 фарҳанги тафсирии форсӣ-тоҷикӣ ва 5 фарҳанги арабӣ истифода бурдааст. «Туҳфату-с-саодат» аз 32 боб ва ҳар бобаш аз ду фасл (муфрадот ва мураккабот) иборат мебошад. Миқдори моддаҳои луғании «Туҳфату-с-саодат» аз 14 ҳазор калима зиёд аст. Дар он аз ашъори шоирони машҳур намунаҳо оварда шудаанд. Дар Шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР як нусхаи мукаммали он маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тӯҳфат-ус-саодат / В. Капранов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
  • Баевскиий С. И., Описание таджикских и персидских рукописей Института народов Азии, в. 4, Москва, 1962.