Маҷлисҳои вакилони халқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Маҷлисҳои вакилони халқ — мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия буда, онро Раис роҳбарӣ мекунад. Раисро, ки вакили Президент мебошад, худи Президенти ҶТ таъйин мекунад. Вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ ба муддати 5 сол интихоб мешаванд (моддаи 77 Конститутсияи ҶТ). Ваколатҳои Маҷлисҳои вакилони халқ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияги давлатӣ дар маҳалҳо» аз 1 декабри соли 1994 муқаррар шудааст. Маҷлисҳои маҳаллӣ буҷети маҳаллй ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияги коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 285