Маҷлисҳои ҳукумат
Маҷлисҳои ҳукумат – маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли асосии фаъолияти Ҳукумати ҶТ мебошад. Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи аъзои укумати ҶТ иштирок дошта бошанд.
Дар маҷлисҳо масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд, баррасй мешаванд. Дар Маҷлисҳои Ҳукумати ҶТ қарорҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Ҳукумати ҶТ қабул мешаванд. Дар маҷлисҳои Ҳукумати ҶТ шахсони дигар низ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати ҶТ иштирок намоянд. Ҳукумати ҶТ метавонад маҷлисҳои пӯшида гузаронад. Тартиби тайёр кардан ва гузаронвдани Маҷлисҳои Ҳукумати ҶТ мугобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати ҶТ тасдиқ мекунад, сурат мегирад. Маҷлисҳои Ҳукумати Тоҷикистонро Раиси Ҳукумати ҶТ ё бо супориши ӯ Сарвазири ҶТ мегузаронад. Рафти маҷлисҳои Ҳукумати ҶТ ва қарорҳои он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумат аз тариқи воситаҳои ахбори умум пахш мегарданд (моддаи 23 Қонуни Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи с. 2001).[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 285-286