Jump to content

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” — дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 4 марти соли 2016 ифтитоҳ гардид.

Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад. Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати беморон ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад. Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Маҷма дорои 38 бинои аз 1 то 9 — ошёна аст.[1][2]

Таъминоти мутахассисон ва дармонгоҳҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба фаъолият оғоз кардани боз як маҷмааи нави тандурустӣ, ки бо номи “Истиқлол” маъруф аст, бо 3500 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дорои қисмҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии бо интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад. Маркази мазкур дар шароити хубу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техналогияҳои навини соҳаи тандурустӣ пешниҳоди кормандони соҳа гардидааст. Дар Маҷмааи тандурустӣ ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст. Бояд қайд намуда, ки дастгоҳҳое, ки ба ин марказ оварда шудааст, аз технологияҳои нодири аср маҳсуб ёфта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ягона ба шумор меравад.[3][4]

  1. www.mti.tj. Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
  2. www.jumhuriyat.tj. РАҲОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ Ё БИСТ ДАСТОВАРДИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНРО РАНГИН МЕСОЗАНД.МД "МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ ИСТИҚЛОЛ”(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
  3. www.mti.tj. Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”(тоҷ.) (28 октябри 2024). 20 ноябри 2024 санҷида шуд.
  4. Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” (ru-RU). МТИ. 5 июли 2024 санҷида шуд.