Маҷмӯи мол
Jump to navigation
Jump to search
Маҷмӯи мол - тибқи қонунгузории гражданӣ мол дар шакли маҷмӯъ ва ғайримаҷмӯъ мавриди шартномаи хариду фурӯш қарор мегирад. Агар шартномаи хариду фурӯш ӯҳдадории фурӯшандаро ба харидор дар маҷмӯъ додани номгӯи муайяни мол пешбинй карда бошад, ӯҳдадорӣ аз лаҳзаи ба харидор додани ҳамаи моле, ки ба маҷмӯъ дохил гардидаанд, иҷрошуда ба ҳисоб меравад. Дар сурати додани молҳои ғайримаҷмӯъ харидор ҳуқуқ дорад тибқи интихоби худ аз фурӯшанда талаб намояд, ки мутаносибан нархро пасг кунад ё дар мӯҳлатҳои мувофиқ молро мукаммал намояд.[1]
Нигаред низ[вироиш]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 286
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |