Jump to content

Медали «Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ» — аввалин медали тоҷикӣ, ки соли 1885 амири БухороМузаффар таъсис додааст.

Бо Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ мансабдорону ашхоси маъруфи аморати Бухоро ва хориҷӣ мукофотонида мешуданд. Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ аз се доираи қутрашон гуногун иборат буда, сирдавонӣ шудааст. Дар қисми болои он гӯшак барои тасмача мавҷуд буда, доираи берунааш нақшунигордор мебошад. Дар доираи дуюм номи медал, доираи сеюм макони сохтан ва дар доирачаи хурд таърихи ба салтанат нишастани амири вақт навишта шудааст. Дар қафои баъзе медалҳо номи шахсони мукофотонидашуда ва рақами тартибӣҳам сабт мегардид. Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ се дараҷа дошт: Дараҷаи I ҳашткунҷаи тилоӣ буда, тасмачаи сурх дошт ва дар гардан овехта мешуд. Дараҷаи II даврашакли тилоӣ аст ва онро бо сӯзанак дар сина меовехтанд. Дараҷаи III нуқрагин буд ва онро дар гардан меовехтанд. Солҳои охири мавҷудияти аморати Бухоро Аз барои хидмат ва хайрхоҳиро аз хӯлаҳои тилоӣ ё биринҷӣ месохтанд.