Медали «Барои мудофиаи Инқилоб»
«Барóи мудофиáи Инқилóб» — аввалин медали Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХСБ), ки 3 июли соли 1922 Президиуми Умумибухороӣ бо қарори худ таъсис дод.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]3 июли соли 1922 Президиуми Умумибухороӣ бо қарори худ таъсис дода шудааст. Дар қарори мазкур дар бораи таъсиси ду медали нуқрагӣ: «Барои мудофиаи Инқилоб» ва «Барои ишғол намудани Душанбе» низ сухан меравад. Дертар фақат яке аз ин медалҳо бо номи «Барои мудофиаи Инқилоб» тайёр карда шуд. Дар бисёр ҳуҷҷатҳои давраи шӯравӣ медали «Барои мудофиаи Инқилоб» чун дараҷаи III-и ордени Ситораи Сурхи ҶХШБ маҳсуб мешавад.
Сохт
[вироиш | вироиши манбаъ]Медал аз нуқра сохта шуда, шаклаш мудаввар аст. Дар рӯйи он ситораи сурхи панҷгӯша тасвир ёфтааст. Гирдогирди он ҳарфҳои арабии «ҶХШБ» ва «МОҚ», таҳти он «Барои мудофиаи Инқилоб» (Инқилоб мудофиасӣ учун) ва ба забони русӣ «Защитнику революции» навишта шудаанд.
Мукофотшавандаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои мудофиаи Инқилоб» иштирокчиёни фаъоли барқарорсозии сохти шӯравӣ ва муборизаи зидди босмачиҳо мукофотонида мешуданд. Ба мукофотонидашудагон ҳамроҳи медал ифтихорномаи (грамота) махсус супурда мешуд, ки дар матбааи давлатии Бухорои нав (Когон) чоп мегашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барои мудофиаи инқилоб / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.