Меъёри манзил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Меъёри манзил — таҳти ин мафҳум меъёри майдони истиқоматии тибқи қонун ба ҳар шахс додашаванда дар назар дошта мешавад. Тибқи қ. 1 м. 36 Кодекси манзили ҶТ меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ муқаррар шудаасг. Ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани майдони истиқоматии иловагӣ ҳуқуқ доранд, дар намуди утоқи алоҳида ё ба меъёри 10 метри мураббаъ ё зиёдтар аз он майдони истиқоматӣ дода мешавад. Масалан, тибқи м. 127 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои ҶТ» (6.08.2001) ба судяҳо майдони истиқоматии иловагӣ на камтар аз 20 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дода мешавад.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 290