Меъёрҳои ҳавасмандкунандаи маъмурӣ
Меъёрҳои ҳавасмандкунандаи маъмурӣ — меъёрҳое мебошанд, ки тавассути онҳо бо иштирокчиёни муносибатҳои идоракунии давлатӣ бо роҳи татбиқи чораҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ таъсир расонида мешавад. Масалан, муқаррар намудани имтиёзҳои моддӣ ё пеш аз муҳлат ба рутбаҳои тахассусӣ мушарраф намудани хидматчиёни давлатӣ. Меъёрҳои мурофиавии маъмурӣ қоидаҳои рафгоре мебошанд, ки раванд ё пешрафти идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим менамоянд. Масалан, тартиби қабулкунӣ, баррасӣ ва ҳалли муроҷиати шаҳрвандон (ариза, шикоят, пешниҳод) ё тартиби дохилшавӣ ва пешравӣ дар хидмати давлатӣ, ё тартиби таҳия, баррасӣ ва қабули барномаҳо, қарорҳо, дигар асноди ҳуқуқӣ, оғоз кардан ва баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ғ.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 291
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |