Jump to content

Меҳргон (бозор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бозори Меҳргон (Пойтахт 90)

«Меҳргон» (пештар «Пойтахт 90») — бозори озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе буда, моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шудааст. Масоҳати умумии бозор тақрибан 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бозорро ширкати сохтмонии «Строй комплекс» ба маблағи ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ бунёд кардааст.

Дар робита ба тахриби бозори Путовский («Баракат») дар маркази пойтахти Тоҷикистон ва барҳам додани бозори дигари ғизоии «Шоҳмансур» дар охири соли 2017 дар асоси Нақшаи генералии тасдиқшудаи азнавсозии Душанбе, бозори Меҳргон дар канори шарқии шаҳри Душанбе сохта шудааст. Масоҳати умумии бинои бозор тақрибан 10 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 3 ошёна иборат аст[1]. Дар ошёнаи якум асосан мева, кулча, лӯбиё, гӯшт, чака, ҳанут ва меваҳои хушк мефурӯшанд. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм дӯконҳои либосфурӯшӣ, қаҳвахонаҳо ва салонҳои хидматрасонӣ, аз ҷумла хадамоти молиявӣ, алоқаҳо ҷойгиранд. Дарвозаҳои бино, ки аз чӯби кандакорӣ сохта шудаанд, дарун бо сутунҳои сафеди тиллоранг оро дода шудаанд.[2]

  1. Рынок Мехргон в Душанбе – современный базар(рус.). life.ansor.info. ansor.info (2022). 4 ноябри 2022 санҷида шуд.
  2. Самый пафосный рынок Средней Азии - Мехргон(рус.). dzen.ru. dzen.ru/media (21 октябри 2019). 4 ноябри 2022 санҷида шуд.