Мираки Сайидғиёс
Мираки Сайидғиёс | |
---|---|
Иттилооти асосӣ |
Султонмаҳмуд Мираки Сайидғиёс (?, Ҳирот — қарни XVI, Бухоро) — меъмори форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳирот аз оилаи сайидони машҳуру ҳунарманд ба дунё омадааст. Зоҳиран, ӯ санъатҳои меъморию наққошӣ ва илму адабро дар Ҳирот аз бар карда, баъдтар ба Бухоро омад. Дар ин ҷо ӯ бо ҳунари лоиҳакашиву меъморӣ шуҳрат ёфт, ки ба гуфти Хоҷа Ҳасани Нисорӣ «дар ҳеҷ иморате касе бе вуқуфи Мирак хиште бар замин намегузошта ва ӯ дар забту рабти умури қалъа дахли тамом мекарда». Санъати тарҳрезии Мираки Сайидғиёсро ба на- зар гирифта, Убайдуллоҳхон боғеро ба ӯ ҳадя мекунад, ки он туфайли ҳунари Мираки Сайидғиёс ба равзаи ҷаннатосо табдил меёбад. Мувофикқи ахбори «Музаккиру-л-аҳбоб» Мираки Сайидғиёс шахси ниҳоят зиндадил ва саховатманд буда, дар лутфу эҳсон худро дареғ намедошт. Табъаш хеле нозук буд, вале ба шеър завқи кам дошт. То соли 1556 барҳаёт будани ӯ маълум аст, зеро тарҳи мақбараи пурҳашмати Ҳумоюншохро (дар Деҳлӣ), ки аз тарафи ҳамсараш Ҳоҷӣ Бегим созонда шудааст, Мираки Сайидғиёс тартиб додааст. Ҳумоюншоҳ бо Мираки Сайидғиёс шахсан шинос буда, ӯро дар қатори наққошон Мирсаидалии Табрезӣ ва Хоҷа Абдуссамади Шерозӣ (Ширинқалам) ҳамроҳи худ аввал ба Кобул баъд ба Ҳиндустон бурдааст. Аз ин ҷост, ки Мираки Сайидғиёс ба Ҳиндустон сафар карда, вале боз ба Бухоро баргаштааст, зеро қабраш дар он ҷост.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мираки Саидғиёс / Т. Бойматов // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.