Мирбобо Зиёев
Мирбобо Зиёев | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 5 октябри 1974 (51 сол) |
Мирбобо Зиёев (1910, Самарқанд — 5 октябри 1974, Душанбе) — ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи техникуми омӯзгории Самарқанд (1928). Ҳунарпешаи аввалин ансамбли ҷавонони Осиёи Миёна — «Куртакабудон», актёри Театри давлатии драмаи мусиқии Самарқанд (1928—1937). Беҳтарин нақшҳои офаридаи Мирбобо Зиёев дар ин театр: Мадазим («Ду коммунист»-и К. Яшин), Петров, Чеусов («Балво»-и Д. Фурманов ва С. Поливанов) ва ғ. Аз соли 1937 дар ш. Душанбе кору зиндагӣ мекард. Ҳунарпешаи театри фронтии тоҷик (1943—1945), актёри Театри мусиқии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1937—1943), Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1946—1972).
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар саҳнаи театр нақшҳои Валӣ («Оршин-мололон»-и У. Ҳоҷибеков), Бобо («Лола»-и С. Саидмуродов), Восеъ («Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян)-ро бо маҳорати баланд бозидааст, ки баёнгари истеъдоди нотакрори ӯ дар офаридани нақшҳои мухталиф, бахусус мазҳакавӣ мебошад. Мирбобо Зиёев ҳамчунин иҷрокунандаи сурудҳои ҳаҷвӣ, бадеҳаҳои халқӣ ва барандаи моҳири консертҳо буд. Ба маҳорати Мирбобо Зиёев унсурҳои театри анъанавии тоҷик — шӯхтабъӣ, ҳозирҷавобӣ, бадоҳасароӣ, имову ишораи ифоданок, эҳсоси баланди самимият хос буданд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиёев Мирббобо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зиёев Мирббобо // А — Калим. — Д. : СИЭМТ, 1988. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 1). — ISBN 5-89870.