Jump to content

Мирзоалии Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мирзоалии Мусаввир)
Мирзоалии Табрезӣ
Таърихи таваллуд тақрибан 1510
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт на дертар аз 1576
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мирзоалии Табрезӣ (тақрибан 1510, Табрезна дертар аз 1576) — мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик, фарзанди Султонмуҳаммади Табрезӣ.

Матни унвон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Санъати наққошиву хаттотиро аз падар омӯхт. Мирзоалии Табрезӣ дар манзаранигорӣ офаридаҳои зиёде дорад. Ороиши «Лавоеҳ»-и Ҷомӣ, як нусхаи «Хамса»-и Низомӣ ба қалами ӯ мансубанд. Махсусан минётурҳои «Хамса»-и Низомӣ аз ҷиҳати гуногунии мавзӯъ, рангораигии тасвир, услуби нигориши воқеот қобили қайданд (минётурҳои «Нишон додани Шопур акси Ширинро ба Хусрав», «Ҳунарнамоии Борбад дар ҳузури Хусрави Парвиз»). Ин асарҳо дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтыков-Щедрин ва Китобхонаи Бритониё (Лондон) маҳфузанд.

  • Мирзоалии Табрезӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).