Султонмуҳаммади Табрезӣ
Намуди зоҳирӣ
Султонмуҳаммади Табрезӣ | |
|---|---|
| форсӣ: سلطان محمد | |
| Таърихи таваллуд | 1470-ум[1] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт | 1555[1] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Мамлакат: | |
| Жанр | Миниётюра (расм) |
Султонмуҳаммади Табрезӣ (1470, Табрез — 1555, ҳамон ҷо) — мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик, яке аз намояндагони намоёни Мактаби минётури Табрез.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷумлаи шогирдони Оқо Миралии Наққош. Дар Китобхонаи Табрез ба ороиш, мунаввирӣ ва китобат машғул буд. Ба девони Ҳофиз (1535, 1517—40), «Хамса»-и Низомӣ (1539—1543) минётурҳо офаридааст. Инчунин тахмин мекунанд, ки ӯ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1537), ва девони Навоиро (1527) бо минётурҳо оро додааст. СултонмуҳаммадиТабрезӣ инчунин як силсила минётурпортретҳо офарида, болои қолин эскизи манзараҳои шикорро кашидааст. Дар заргарӣ ва чинисозӣ низ моҳир будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султонмуҳаммади Табрезӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).