Мирзо Абдулазими Сомӣ
Таърихи таваллуд: | 1839 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1914 |
Навъи фаъолият: | муаррих |
Мирзо Абдулазим Сомии Бӯстонӣ (1838, Бухоро — ?) — шоир ва таърихнигори тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз хатми мадраса дар хидмати амир Музаффар ва амир Абдулаҳад буд. Ба тақозои хидмат ӯ маҷбур буд, ки дар сафарҳои ҳарбии амирон ҳамроҳӣ кунад. Ӯ шоҳиди ҷанги байни Россияи подшоҳӣ ва аморати Бухоро (1868) буда, ин воқеаро дар китоби худ «Таърихи салотини манғития» ба тафсил навиштааст. Дар китоб муаллиф ҷаҳолат, ақибмонӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкаронро бо тамасхур баён карда, баъзе тартиботи аморатро танқид менамояд.
Сомӣ бо Аҳмади Дониш ва Садри Зиё барин шахсони пешқадами давр робита доштааст, Дар пириаш аз дарбор ронда шуд. Бо китобати дастхатҳо рӯз мегузаронид. Сомӣ дар манзумаи «Миръоту-л-хаёл» (як нусхааш дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфуз аст) аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш ривоёти аҷоиб ва маълумоти пурқимат овардааст. Асарҳои дигари машҳури ӯ «Санъати маҳзун», «Туҳфаи шоҳӣ» мебошанд. Ашъорашро асосан ба забони тоҷикӣ ва як қисмашро ба ӯзбекӣ навиштааст. Дар ғазалҳои ӯ ба ғайр аз мавзӯи анъанавии ишқ оҳангҳои сиёсӣ, шикоят аз замона низ ҳис мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомӣ / С. Алиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).