Мирзо Абдуллоҳ Зуҳурии Ҳиротӣ
Зуҳурӣ Мирзо Абдуллоҳи Ҳиротӣ (қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳирот ба дунё омада, дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Зуҳурӣ чанде дар Бухоро ба тиҷорат машғул шуда, пас аз оташ гирифтани дукон ва сӯхтани молу матоаш тарки ин касб кард. Ӯ дар байни аҳли адаби Бухоро эҳтироми зиёд дошта, аз алоқамандон ва шогирдони Шоҳин ба ҳисоб мерафт.
Қитъаи зерро дар тавсифи Шоҳин сурудааст:
Ай низоми назму ҷомитабъу фирдавсикалом,
Дар бари шоҳини табъат Ваҳшӣ ҷуз усфур нест.
Анварӣ дар шуҳрати шеъри ту монда дар маҳоқ,
Аз хури табъат Шуъоиро шиори нур нест.
Ҳамчу хершеди дурахшонӣ ту маҳбубу-л-қулуб,
Ҳар киро меҳри ту дар дил нест, дар сар шӯр нест.
То вуҷуди ту ба олам ҳаст, ай олиҷаноб,
Шоиронро бар адои шеъри худ дастур нест.
Пайкарат шамси дурахшон асту эшон шабпара,
Ҳар куҷо меҳр аст, хаффошон магар мастур нест?
Мисли ту ҳар буқъаро мардест, обод аст он,
Чун ту дар ҳар шаҳр шахсе нест, он маъмур нест.
Ҳар кас андар базми ту ворид шуд, аз ғам шуд халос,
Ҳар касе дур аз ту афтодаст, он масрур нест.
Ин малоҳатҳо, ки дар шеъри ман аст аз васфи ту,
Он чӣ ман гуфтам зи мадҳат ушри он мазкур нест.
Ҳар кӣ дур аст аз ту, бошад аз фавоид дуртар,
Хуш ба ҳоли он касоне, к-аз ҷанобат дур нест.
Хатм кун дигар суханро, эй Зуҳурӣ, з-ин мақол,
Мешиносад Шамсро ҳар кас, ки чашмаш кӯр нест.
Рубоии зерин низ ба Зуҳурӣ тааллуқ дорад:
Якчанд ба роҳи нозарурӣ гаштем,
Якчанд ба дасти носабурӣ гаштем.
Гумном шудем, гум накардем худро,
Кардем зуҳуриеву Зуҳурӣ гаштем.
Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Зуҳурӣ дар пайравӣ ва татаббӯи Ҳофиз девоне мураттаб карда будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зуҳурӣ / А. Ҳабибов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.