Jump to content

Мирзо Айюби Баҳҷат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Айюби Баҳҷат
Навъи фаъолият: шоир

Мирзо Айюб Баҳҷат (қарни 19) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Исфара, дар оилаи шоир ва хаттот Мушриф Мирзоқаландари Исфарагӣ ба дунё омадааст. Дар Мадрасаи Хони Хуқанд таҳсил намуда, чун шахси фозилу донишманд, инчунин шоири тавоно ва хаттоти моҳир шуҳрат ёфт. Б. дар мушоираҳо, маҳфилҳои адабии хони Хуқанд Умархон (Амирӣ) иштирок мекард. Ба маҳорати шеъргӯии Баҳҷат тазкиранигор Фазлии Намангонӣ баҳо дода, ӯро намунаи ибрат барои дигарон донистааст:

Гарат ҳусни маънист мадди назар,
Зи таҳқиқи Баҳҷат машав бехабар!

Тазкиранигори дигар Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ низ Б.-ро чун шоири фасеҳбаён, доди суханварӣ дода тавсиф намудааст. Девон доштан ё надоштани Б. то ҳол (2013) таъйин нагардидааст. Муҳаққиқон аз баёзҳо ва тазкираҳо аз осори ӯ 116 ғазал, 1 мухаммас дастрас кардаанд. Б. ашъорашро дар сабку услуби шоирони гузаштаи тоҷик суруда, ишқу муҳаббатро васф кардааст, ақоиди панду ахлоқӣ иброз доштааст. Абёти зерин намунае аз шеъри Б. мебошанд:

куҷо меҳри ту аз субҳи ниқоб ояд бурун,
Аз дили ҳар зарра чандин офтоб ояд бурун.
Он қадар масти лаби лаъли шароболудаам,
Баъди мурдан хоҳад аз хокам шароб ояд бурун.
Гиря месозам зи бас бар ёди он симинзақан,
Ҷойи ашк аз дидаи ман дурри ноб ояд бурун.
Пардаи ҷон чок-чок аз тоби рухсори ту шуд,
Пора мегардад катон, чун моҳтоб ояд бурун.
Мешавад ҳайрону он гаҳ мекунад қалбат тиҳӣ,
Гар нигорин пояш аз чашми ниқоб ояд бурун...
Шарҳи ҳоли худ навиштам, Беҳҷат, аз хуни ҷигар,
Қиссаи Маҷнун бибин, з-ин фасли боб ояд бурун.