Мирзо Боқӣ
Мирзо Боқӣ (Мирзоамон Боқиев; зод. 19.12.1944, деҳаи Эсизи ноҳияи Кӯҳистони Масчо) — шоир ва нависандаи тоҷик. Узви ИЖТ (аз соли 1984).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ; 1971). Пас аз хатми таҳсил дар студияи Телевизиони Тоҷикистон (1971—1972), редаксияи рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» (1972—1980), «Адабиёт ва санъат» (1981—1982), «Омӯзгор» (1983—1998) ва маҷ. «Маорифи Тоҷикистон» (1998—2001) кор кардааст. Аз соли 2002 сармуҳаррири нашриёти «Бухоро».
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба қалами Мирзо Боқӣ китобҳои «Ҳамосаи модар ва кӯдак» (1984), «Нуқтаи нур» (1986), «Фурӯғи хирад» (иборат аз 5 ҷилд, 2000—2005), «Ҷовидоннома» (ҷ. 1, 2006; ҷ. 2, 2013) тааллуқ доранд. Андарзҳои нависандаи рус Л. Н. Толстойро бо номи «Андарзнома» тарҷума карда ба табъ расондааст (1989). Асарҳои «Фурӯғи хирад» ва «Ҷовидоннома» на танҳо ҳаҷман бузурганд, балки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва мавзӯъҳо мукаммалу мураттабанд. Ин асарҳо як тарзи навҷӯию навгӯиҳои ба худ хоссе доранд, ки хонандаро ба андеша водор мекунанд, масъулияти ӯро нисбат ба ҷаҳони гузарони одамӣ ва ҷовидона будани хиради ҷаҳон фузун менамоянд, то ин ки дар торикшаби печидаи дунё гумроҳ нагардад.
Муҳтавиёти осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳтавиёти ин китобҳо худшиносии инсон дар моварои замин ва кайҳони беинтиҳост. Мирзо Боқӣ инсонро як вуҷуди худогоҳ, асил, офаранда, дорои иродаи мустақил, «худ»-и мустақил, ҷавҳари навъи шариф, қудрати хориқулода тавсиф намудааст. Нигоштаҳои Мирзо Боқӣ фалсафаи ахлоқӣ, дарси зиндагӣ, ойини беҳзистӣ, расидан ба дараҷаи инсони комилро доранд, масъулияти инсонро нисбат ба тақдири миллат, ватандорӣ афзун мекунанд. Мирзо Боқӣ чунин мешуморад, ки ҳеч чиз арзандатар аз озодию огоҳӣ нест, ҳеч чиз шоистатару волотар аз хирад нест.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Мирзо Боқӣ 15 сентябри соли 2019 дар манзилаш дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Тибқи васияти шоир ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Эсизи Кӯҳистони Масчо ба хок супурданд[1].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳамосаи модар ва кӯдак: Маҷмӯа. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 128 с.
- Нуқтаи нур. – Душанбе: Адиб, 1990. – 144 с.
- Фурӯғи хирад. – Душанбе: Адиб, 2000. – 768 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Бибикубрия Қурбонова. Мирзо Боқӣ – шоири маъруфи кишвар дар остонаи 75-солагӣ аз олам даргузашт. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (16 сентябри 2019). 5 май 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиев Мирзоамон // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.