Мирзо Комили Бадахшӣ
Таърихи таваллуд: | 1644 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1718 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир |
Акмал Мирзо Муҳаммадкомили Бадахшӣ (1644, Кашмир – 1718, ҳамон ҷо) — ориф ва шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷдоди Акмал аз Тошканд ба Бадахшон ва баъдан ба Ҳиндустон кӯчиданд. Нисбаи Бадахшӣ гирифтанаш аз ҳамин ҷост. Акмал яке аз шоирони сермаҳсул аст (ҷамъи ашъораш 80000 байт). Мавзӯъҳои асосии нигоштаҳояш ирфону тасаввуф, фалсафа, ишқу муҳаббат, панду насиҳат, даъват ба дӯстиву сулҳу салоҳ байни қавмҳои мазҳабашон гуногун ва ғайра мебошанд. Дар пайравии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ китобе навиштааст бо номи «Баҳру-л-ирфон» (иборат аз 4 ҷилд). Аксар шоирони форсизабони Ҳиндустон ба ин асар тақлиду пайравӣ карда маснавӣ офаридаанд. Акмал аз шоирони форсигӯи Кашмир нахустин касест, ки достонҳои ҳиндӣ, масалан, «Аканандон»-ро ба форсӣ гардондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Акмал Мирзо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.