Jump to content

Мирзо Муҳаммадмуроди Ғофилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Муҳаммадмуроди Ғофилӣ

Мирзо Муҳаммадмуроди Ғофилӣ (форсӣ: میرزا محمدمراد غافلی‎; ? — 1910) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслаш аз мардуми Дарвоз аст. Дар зод­го­ҳаш таълим гирифтааст. Тибқи иттилои муаррихон («Таъ­рихи адабиёти Афғонистон») дар шеъру шоирӣ мо­ҳир ва ҳам­чу­нин соҳибдевон будааст. Аз мазмуни ашъори шоир бар­меояд, ки дар тангдастӣ ҳаёт ба сар бурдааст. Як нусхаи девони нотамоми Ғофилӣ дар Ганҷинаи даст­на­вис­ҳои шар­қии ба номи А. Мирзоеви АИ Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон ни­гаҳ­дорӣ мешавад, ки аз 42 ғазал, 8 мухаммас ва як дос­тони «Қис­саи ҷанги духтари Қайсари Рум» иборат аст. Саб­ки баёни шоир сода ва ба адабиёти шифоҳии мардум наздик аст.

Абё­ти зер аз ӯст:

Ай бути ширинхисол, дасти ману доманат,
Дилбари нозукхаёл, дасти ману доманат.
Рӯи ту чун офтоб, наргиси мастат ба хоб,
Зулфи ту пурпечутоб, дасти ману доманат.
Нест чу ту дилрабо, ай санами хушлиқо,
Рӯй бигардон ба мо, дасти ману доманат.
Қадди ту сарви сиҳӣ, рафти ту кабки дарӣ,
Аз ҳама болотарӣ, дасти ману доманат.
Волаву шайдо шудам бар рухи зебои ту,
Бӯса зи лабҳои ту, дасти ману доманат.
Қадди ту чун сарв рост, фитнаи чашмат балост,
Ғамзаи ту дилрабост, дасти ману доманат.
Гирди лабонат шакар, чашми ту бодоми тар,
Сӯи гадоён назар, дасти ману доманат.
Рӯи ту чун навбаҳор, чашми ту доим хумор,
Зулфат аҷаб тобдор, дасти ману доманат.
Ишқи ту дар ҷони ман, карда барояш ватан,
Ғофилии пуралам, дасти ману доманат.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]