Jump to content

Мирзо Остонақул Дабирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Остонақул Дабирӣ

Мирзо Остонақул Дабирӣ (форсӣ: میرزا آستانه‌قل دبیری‎; қарни XIX — қарни XX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба гуфтаи Айнӣ дар замони таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» дар қайди ҳаёт буда­аст. Дабирӣ аз ӯ бо нисбаи «Каттақӯрғонӣ», Ҳо­ҷӣ Неъ­­­ма­туллоҳи Муҳтарам «Миёнколӣ» ёд кардаанд. Ҷуз­ъиёти тарҷумаи ҳолаш оварда нашудааст. Зоҳиран, аз зодгоҳаш ба Бухоро омада, таҳсили илм намуда, сокини ҳа­мин шаҳр гардидааст. Шоири хушбаёну «суханнигори хуш­тақ­рир, тӯтии шакаргуфтори боғи ширинмақолӣ, бул­­були ҳа­зор­дас­тони гулзори хушхаёлӣ» (Муҳтарам) буд. Чанде бо тахаллуси Мино эҷод мекард, вале боз ба тахаллуси Да­бирӣ баргашт. Намунаҳои ашъораш дар анвои гуногуни шеър дар тазкираҳову баёзҳо зикр шудаанд. Абёти зер аз ӯст:

Мурғи дил то ба хами зулфи ту маъво дорад,
Ҳаваси сунбули соро накунад, ҷо дорад.
Баҳри ташрифи ту, эй сарвқади лолаузор,
Ҷон ба каф ошиқи дилхаста муҳайё дорад.
Зуд биштоб ба болини ман, эй сарви равон,
Ҷони ман орзуи бӯси кафи по дорад.
Ҷойи он аст, Дабирӣ, ки ба назми ту фалак
Сарф созад ҳама, гар иқди Сурайё дорад.

  • Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР. Т. 5. Д., 1974;
  • Абибов А. Ганҷи Зарафшон. Д., 1991;
  • Айнӣ С. На­му­наи адабиёти тоҷик. Д., 2010.