Jump to content

Мирзо Салимбек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Салимбек
Таърихи таваллуд: 1850
Таърихи даргузашт: 1930
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, муаррих, диплумот, давлатмард

Мирзо Салимбек ибни Муҳаммадраҳим мутахаллис ба Салимӣ (18501930) — таърихнигор, шоир, адиб ва давлатмарди тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 зиндагӣ ва эҷод кардааст. Гузаштагони Мирзо Салимбек аз Ӯротеппаанд. Мирзо Ризо барои таҳсили илм ба Бухоро омада, сокини ин шаҳр гардидааст. Чанд гоҳ дар мансабҳои расмии аморати Бухоро буда, солҳои охири умраш аз кор дур карда шуд. Аз таълифоти ӯ доир ба таърих китобе бо унвони «Кашкули Салимӣ» боқӣ мондааст, ки он доир ба таърихи Бухоро маълумоти гуногунро дар бар мегирад. Муҳимтарин хидмати Мирзо Ризо дар ҷабҳаи адабиёт ин аст, ки тазкираи «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкират-ил-асҳаб»-и Возеҳро бо «Замима»-и худаш ба чоп расонд. Дар «Замима» шарҳи ҳол ва намунаи эҷодиёти адибони давраи охири Бyxopo, чун Айнӣ, Ҳамдӣ, Мунзим, Фитрат ва дигарон, инчуннн намунаҳои осори худашро илова кардааст. Тазкираи Возеҳ бо «Замима»-и Мирзо Ризо соли 1914 дар Тошканд нашр гардидааст. Матни «Кашкули Салимӣ» низ дар Тошканд ба табъ расидааст.

  • Мирзо Салимбек / Ҷ. Азизқулов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).