Мирзо Содиқи Муншӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Мирзо Содиқи Мунши яке аз шоирони маълуму машхури нимаи дуюми асри ХVIII ва аввали асри ХIХ-и адабиёти тоҷик буда, тахминан солҳои 1166 (1753-1171) - 1758 дар дехаи Чондори Бухоро таваллуд шудааст. Бо тахаллуси Содик шеър мегуфтааст. Хаёти шоир Мирзо Содики Мунши дар дарбори хукмронони мангит: амир Дониёл, амир Шохмурод ва амир Хайдар гузаштаааст. Як маротиба дар синни 63 солагиаш аз вазифа маъзул карда шуда ба Дарвоз бадарга карда шуда будааст. Шоир Мирзо Содиқи Мунши мохи 1-и мухаррами санаи 1235 хичри (20-октябри соли 1819) дар Карши вафот кардааст. Мирзо Содиқи Мунши аз худ мероси гаронбахо гузоштааст, ки аз ғазалиёт, касоид, китъаот, мухаммасот, рубоиёт, фардиёт иборат аст. Маснавиҳои «Даҳмаи шоҳон», «Қазову кадар», «Рафъи тумани охугир ва Хайробод», «Манзумаи Ошик шудани дарвеш ба духтаре» ва чанде ашъоре, парокандае боки гузоштааст, ки то хануз 41 нусхаи хатти он маълум аст.

Аз ғазалиёт[вироиш]

Чан резӣ ба ҷафо ашки ҷигаргуни маро,
Эй ҷавопеша, биё рез дигар хуни маро.
Дил ба занҷири сари зулфи ту ороме дошт,
Шуд сабо силсилаҷунбон дили маҷнуни маро.
Бо ту, эй сангдил, афсонаи ман дарнагирифт,
Дар дили сахти ту навбад асар афсуни маро.
Шӯълаи оҳи дил оташ зада дар пираҳанам,
Сӯзи пинҳон чу дарун сӯхта беруни маро.
Гуфтӣ аз хотири маҳзуни ту шодам, Содиқ,
Шод кардӣ ба ҳамин хотири маҳзуни маро.
Чеҳра чун гул шамъи ҳар маҳфил намехоҳам туро,
Ҳар тараф чун шохи гул моил намехоҳам туро.
Мардуми чашми ҷаҳонбини манӣ, мурдам зи ҳаҷр,
Ҷуз даруни чашми худ манзил намехоҳам туро.
Кас намехоҳам, ки бандад дил ба сарви қоматат,
Чун санавбар зери бори дил намехоҳам туро.
Қобили базми ту набвад ҳар парешонрӯзгор,
Ҳамдами ин ҷамъи ноқобил намехоҳам туро.
Бар лаб омад ҷонам аз ғам ин ҳама таъҷил чист?
Ҷони ман чун умр мустақбил намехоҳам туро.
Масти ҳуснӣ ҳеҷ аз ҳоли ман огоҳ нестӣ,
Ин ҳама аз ҳоли худ ғофил намехоҳам туро.
Хуштар аст аз оқилӣ, Содиқ, ҷунуни ошиқӣ,
Тарки ақлу ҳуш кун, оқил намехоҳам туро.
Даҳани танги туро тунги шакар дар гарав аст,
Лабу дандони туро лаълу гуҳар дар гарав аст.
Анбарин зулфи туро мушки Хутан дар доман,
Рӯҳи гулгуни туро шамсу қамар дар гарав аст.
Зангии холи ту дар орази ҳамчун хуршед
Мисли ҳиндубачае мусҳафи зар дар гарав аст.
Шоми ҳиҷрони туро рӯзи висолат доранд,
Ҳар кӣ дар ҳар ду замон шому саҳар дар гарав аст.
Қади борлои туро сарви саҳӣ зери бағал,
Нозукандоми туро такяи пар дар гарав аст.
Мардумон аз ғами ҳиҷрони ту сар дар зону,
Бандаи Содиқи бечора, ки сар дар гарав аст.
Эй аз ниҳоли сарв қадат наврасидатар,
Абрӯйи дилкашат зи маҳи нав хамидатар.
Ҳастем ваҳшиён-ману дил, эй ғизоли чашм,
Ман аз дилу аз ман дили бедил рамидатар.
Бар мо марон саманди ҷафо ин ҳама ба ноз,
Эй шаҳсавор, дор инонро кашидатар.
Кам рафт бар матои хирад кас ба роҳи ишқ,
Роҳест пурмахотара, эй дил, хазидатар
Содиқ ба роҳи каъбаи васли ту қатъ кард,
Чандин ҳазор бодия лаб хушк, дида тар.