Jump to content

Мирзо Ҷонибек Сомии Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзо Ҷонибек Сомии Бадахшӣ
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир

Мирзо Ҷонибек Сомии Бадахшӣ (қарни XVII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон рафта буд; Сомӣ дар Кашмир ба дунё омадааст. Дар Деҳлӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст, баъзан бо нисбаи «Деҳлавӣ» низ ёд мешавад. Аз осори ӯ абёти пароканда аз қасидаҳо, ғазалҳо ва ғайра ба воситаи тазкираҳо боқӣ мондаанд. Мавзӯъи ашъори Сомӣ ишқ, ҳасби ҳол ва ғайра мебошанд.