Миршариф
Зоҳир
Миршариф (Мавлоно Шарифи Хонанда; ? — 1580, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар баъзе асарҳояш Шамсӣ тахаллус кардааст. Дар Ҳирот таваллуд шуда, санъати мусиқиро аз Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ ва дигарон омӯхтааст. Ӯ аз илмҳои замонаш баҳравар буд. Дар пайравии Нақши Мавлавӣ оҳанги «Нақши Шахӣ»-ро эҷод кард, ки дар Ҳирот машҳур буд. Миршариф дар сурудани шеър низ истеъдоди баланд доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Миршариф // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).